ASAD GULOV

ASAD GULOV

 

(1935-2023)

 

Asad Gulov – Asad Gulozoda va Asad Gulzodai Buxoroyi  taxalluslari bilan ham tanilgan. Asad Gulzoda 1935-yilda Buxoro viloyatining Peshku tumani Shavg‘on qishlog‘ida tug‘ilgan. O‘rta ma’lumotni shu yerda olgan. 1958-yilda Dushanbe universitetining tojik tili va adabiyoti fakultetini tamomlagan. Jurnalistik faoliyatini Buxoro viloyati teleradiokompaniyasida boshlagan.

Asad Gulzoda o‘smirlik paytlaridan she’rlar yozib boshlagan. Sherlari O‘zbekiston va Tojikiston gazetalarida chop etilgan. Asad Gulzodaning „Murg‘obi chi makobod?“, „Labzi Shirin“ kabi kitoblari Dushanbedagi „Maorif“ nashriyotida nashr etilgan. Bundan tashqari, uning „Nasimi Buxoro“, „Xati peshona“, „Shukifahoyi Buxoro“, „Namozi ro‘i barg“, „Nafasi bahor“ kabi kitoblari ham bor. Shuningdek, she’rlari „Kahkashoni orzu“ (Toshkent) va „Guli murod“ (Dushanbe) to‘plamlariga kiritilgan.

Asad Gulzoda 2003-yilda Tojikiston yozuvchilar uyushmasiga a’zo bo‘lgan.

Asad Gulzoda 2023-yil 29-mayda 88 yoshida vafot etgan.

 

She`rlaridan namunalar

БУХОРО

Дар кафи дашту саҳро
Шаҳри қадим Бухоро,
Кӯшку қасрат пуршукӯҳ
Аз сангу хишти хоро
Нақши дару деворат
Зебо асту дилрабо,
Оби Шаҳрӯди покат,
Бошад басе гуворо,
Манораи Калонат
Аз абри гардун боло.
Таърихи хоса дорад
Ширбадану Дилкушо,
Наҷми Моҳи хосаат,
Гардида ҷаҳоноро.
Лаби Ҳавзи нотакрор
Фақат хоси Бухоро.
Ҳар гӯшаи ҳисорат,
Зебо зи мулки Доро.
Гарчи синнат норавшан
Куҳан бошӣ чу дунё,
Забони тоҷикиро
Ватан ҳастӣ Бухоро.

 

***

ЯГОНАӢ ДАР ҶАҲОН

Бар ҷисми ман ҷон астӣ,

Қуввату дармон астӣ.

Дар ҷаҳони беканор

Беҳтарин макон астӣ.

Исми ту Ӯзбекистон,

Зеботарин гулистон.

Хоки муқаддасӣ ту,

Ягонаӣ дар ҷаҳон.

Мардумат меҳнатшиор,

Пахтакору ғаллакор.

Пиру барно даст ба кор,

Қаҳрамон асту забдор.

Кишварро обод кунем,

Қалби ҳама шод кунем.

Дар ин ҷаҳони фонӣ

Зиндагӣ озод кунем.

Бухоро, 18 январи соли 2019

 

АБУАБДУЛЛОҲ ҶАЪФАРИ РӮДАКӢ

Аз кӯдакӣ Рӯдакӣ

Дар Бухоро зиста буд.

Дар ин шаҳри дилоро

Тақдираш пайваста буд.

Дар боргоҳи Сомонӣ

Як фарди хосае буд.

Дар хизмати шоҳонаш

Умре пайваста буд.

Як шоири забардаст

Дар олами адаб буд.

Шеърҳои пурошӯбаш

Бар шӯҳраташ сабаб буд.

Падари шеъри форсӣ

Ба ӯ насиб карда буд.

Дар замони Сомонӣ

Маърифат гул карда буд.

 

***

СИНОИ БУХОРОӢ

Касбу кораш манзур аст,

Чун Афлотун машҳур аст.

Пешвои илми тиб ӯ,

Табибу ҳам духтур аст.

Олими машҳури мо,

Аз аҷдоди дури мо.

Истеъдоди худод

Аз куфру дин ҳам озод.

Бо аҷал дар талош аст

Меҳрубон асту дилшод.

Олими машҳури мо,

Аз аҷдоди дури мо.

Дасти маризон гирад,

Мурдае ҳам ҷон гирад.

Умед ба дилҳо бахшад,

Дар ғами халқ бимирад.

Олими машҳури мо

Аз аҷдоди дури мо.

Донишманди замон буд,

Алломаи даврон буд.

“Шайхурраис” унвонаш

Тахти адаб макон буд.

Олими машҳури мо

Аз аҷдоди дури мо.

Дастураш “Ал-қонун” гашт,

Дар ҷаҳон машҳур бигашт.

Дар мактабу мадраса

Қиматаш коста нагашт.

Олими машҳури мо

Аз аҷдоди дури мо.

Осори “Шифо”-и он

Ба ҳар дарде шуд дармон.

Раҳнамои табибон

Мушшкилот созад осон.

Олими машҳури мо,

Аз аҷдоди дури мо.

Дар тибби давру замон

Китоби дарсӣ ҳамон.

Бо каромати Сино

Ифтихор дорад ҷаҳон.

Олими машҳури мо,

Аз аҷдоди дури мо.

Бухоро, 26 октябри соли 2018

 

 

****

ВАСИЯТИ МУЙСАФЕД

Ҷону ҷигарҳои ман,

Духту писарҳои ман!

Умри ман кам мондааст,

Шодӣ не, ғам мондааст.

Чун офтоби сари кӯҳ,

Меравам як рӯз фурӯ.

Аз шумо хоҳиш дорам,

Ва ё супориш дорам:

Фардо, ки ман меравам,

Ҷаҳони худ мебарам;

Чароғи маро шумо

Бояд фурӯзед шумо.

Гаҳе маро ёд кунед,

Рӯҳи маро шод кунед.

Бо ҳам иттифоқ бошед,

Ба дидор муштоқ бошед.

Сулҳро андеша кунед,

Дӯстиро пеша кунед.

Ба халқи худ ёр бошед,

Доим мададгор бошед.

Кам нагардед аз дигар

Шумо, ки ҷону ҷигар.

Куллиёти осор

Коратон омад кунад,

Худо саломат кунад.

Зиндагиро соз кунед,

Умри дароза бинед.

Бухоро, 15 феврали соли 2007

 

 

ШАҲРИ ДУБАЙТӢ

Бародар бо бародар дар ситез аст,

Ба дасти ҳар яке шамшери тез аст.

Надонам, ки зи чӣ ин шӯру савдо,

Ки ёр аз дасти ёраш дар гурез аст.

* * *

Ба сӯям чашми пурхунаш бидӯзад,

Худоё, хонаи душман бисӯзад!

Ҳама дарду алам эҷоди душман,

Ки хуни ноҳақи инсон бирезад.

* * *

Ғамат дар дил, ғамат дар дидагонам,

Ту эй халқам, зи ту ҳаргиз намонам.

Барои маҳви ту душман ба по хест,

Бихон “номард”, гар танҳо бимонам.

* * *

Надорад боғи умраш бурду боре,

Ҳаёташ фоҷиа, ҳам хору зоре.

Руҷӯяш мурдаву аз даст рафта,

Ки гӯё латтаву нокарда коре.

* * *

Дар олам кам набошад зор монда,

Зи айби нокасон бекор монда.

Напурсад ҳеҷ кас аҳволи ӯро,

Чу даллоле сари бозор монда.

* * *

Набошад мисли шоир фарди ҳушёр,

Шабу рӯзаш баробар аз пайи кор.

Ғами миллат бa cap дорад бародар,

Зи ёри беғамаш гардида безор.

 

* * *

Куҷо шуд шӯҳратат, эй Тоҷикистон?

Тамоми гӯшаат буд боғу бӯстон.

Бисӯхт буду вуҷудат оташи ҷанг,

Парешон гаштааст халқи кӯҳистон.

* * *

Ба кӣ гӯям ғами дарди диламро,

Бишӯриданд чун хоку гиламро.

Куҷое, ки равам, гӯянд гуреза,

Ба кӣ бахшам макону манзиламро?

* * *

Ҳамон рӯзе расид офат ба Хуҷанд,

Набуд беғам Бухорою Самарқанд.

Садои мо чу душман гурдакаф кард,

Бинӯшад заҳри қотил ҷои сарқанд.

* * *

Барои тоҷикон нанг офариданд,

Барои душманон санг офариданд.

Ба чашми мо натобад дӯст душман,

Барои оқилон ранг офариданд.

* * *

Зи ту дурам диёрам, Тоҷикистон,

Диёри ғамбарорам, Тоҷикистон.

Ба мислат мулки зебое надидам,

Ту бошӣ дар ҷаҳон лаъли Бадахшон.

* * *

Надидам мисли ту, шаҳри Душанбе,

Агар коре кунам баҳри Душанбе.

Канорат дилкашу доимбаҳор аст,

Сари мижгони ман гарди Душанбе.

* * *

Дар оғӯшат будан хобу хаёл аст,

Зи ту дур будан хам амри маҳол аст.

Буду нобуди ман, эй Тоҷикистон,

Бари рӯйи ҷаҳон як дона хол аст.

* * *

Забонгумкардагон аз қавми моянд,

Барои халқи худ коре наоянд.

Ки гӯё дар Ватан бегонагонанд,

Худоё, дар ҷаҳон дере напоянд.

* * *

Ту ёрат хониву душман ҳамон аст,

Ба ту ҳамхонаву зидди забон аст.

Занад дасти таҷовуз бар забонат,

Чу рӯбаҳ дум занад, дар каф камон аст.

* * *

Нагаштӣ худшиносе мисли дигар,

Мақоми давлататро гирӣ аз cap.

Ҳама кайҳо шуданд аз хоб бедор,

Ту дар хобӣ ба ҷогоҳат, бародар!

* * *

Сарат сахту танат бардам, Бухоро,

Сипос орам ба ин ҳар дам, Бухоро.

Чунин бошу чунин мон то ҷаҳон ҳаст,

Ту модар, аз сарат гардам, Бухоро!

* * *

Ба обу хоки ту дил бастаам ман,

Ба боғат чун ниҳоле растаам ман.

Ба ҷисму ҷони ман нирӯ ту додӣ,

Ба меҳри гарми ту пайваастаам ман.

* * *

Табаррук зарраи хокат, Бухоро,

Кунад сархуш майи токат, Бухоро!

Шифо бахшид Сино дардҳоро,

Ҳузури ҷон бувад обат, Бухоро.

* * *

Ба ту дардам нагӯям, бар кӣ гӯям,

Муроду мақсади худ аз кӣ ҷӯям?

Насиҳатгӯи ман танҳо ту ҳастӣ,

Ба оби кӣ дилу дида бишӯям?!

* * *

Бухоро, дарди ман дармон надорад,

Ҳавасҳоям ба бегона нафорад.

Биё, меҳан, туро пазмон шудам ман,

Ба cap санги маломат то наборад.

* * *__

 

 



ASAD GULOV Adibimizga tegishli asarlarimiz